Сафири ИМА Кен Гросс дар ифтитоҳи шашумин гӯшаи амрикоӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Ғарм ҷойгир шудааст, иштирок намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафир Гросс ба ҳукумати маҳаллии Ғарм, ширкати Тоҷиктелеком, ташкилоти ғайридавлатии "Маърифатнокӣ" ва Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак дар кушодани ин гӯша изҳори ташаккур намуд. Сафорати ИМА биноро бо максади истифодаи ройгон аз ҷониби мактаббачагон, муаллимон ва муттахассисон таъмир намуда, ҳашт адад компютер бо пайвасти шабакаи интернетии босуръат , садҳо китоб ва DVD дискхоро бо забони англисӣ таъмин намуд. Маблағи умумӣ барои таъмир, ҷиҳоз, таҷҳизот ва маводҳо бо забони англисӣ зиёда аз 30 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар маросим Муовини раиси ноҳияи Ғарм Тошалӣ Муқимов ва намояндагони Тоҷиктелеком, ҳукумати маҳаллӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, муаллимон ва мактаббачагон иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳ Сафир Гросс қайд намуд: “Гӯшаҳои амрикоӣ бо шабакаи интернетӣ, китобҳо ва ДВД-ҳои ройгон таъминанд. Онҳо дар бораи фарҳанг, арзишҳои амрикоӣ ва барномаҳои Сафорати ИМА маълумот медиҳанд. Вале мақсади гӯша бо ин маҳдуд нест. Он имкониятҳоро барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва таҳаммулпазирӣ пешниход мекунад. Мо умедворем, ки гӯшаи амрикоӣ ба мардум дар шинохти Амрико ва ҷаҳон кӯмак мерасонад.”
Сафорати ИМА ҳамоҳангсози доимиро барои кӯмак ба истифодабарандагон, ташкили маросимҳо ва барномаҳои иловагӣ оид ба омӯзиши забони англисӣ таъмин менамояд. Инчунин, танзимгар маълумотро дар бораи барномаҳои табодули ҳукумати ИМА ва низоми супурдани хуччатхоро ба донишгоҳҳои амрикоӣ таъмин менамояд.
Ҳоло Сафорати ИМА гӯшаҳои амрикоиро дар Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Хуҷанд дастгирӣ менамояд. Ҳар як гӯшаи амрикоӣ бо шабакаи интернетии ройгон, маводҳои таълимӣ бо забони англисӣ намоиши барномаҳои ҳукумати Амрико, машварат оиди таҳсил, клубҳо, муаррифиномаҳо ва вебчатҳо оид ба фарҳанг ва арзишҳои амрикоӣ таъмин менамояд. Гӯшаҳои амрикоӣ ин яке аз роҳҳои мухталифи дастгирии ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби мардуми Амрико мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста