Ҳамлаи сагони дайду ба одамон, ки ахиран дар тамоми қаламрави Тоҷикистон рӯ ба афзоиш мениҳад, Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва воҳидҳои он дар маҳалҳоро нигарон сохтааст. Дар ин бора дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири тандурустии кишвар, сардухтури давлатии санитарии ҷумҳурӣ Аъзам Мирзоев хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ҳар сол Вазоратҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ ҳадди ақалл ду маротиба гузориши муштарак оид ба таҳлили вазъи мушкилоти мазкурро ба ҳукумат пешниҳод мекунанд, вале фаъолияти ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва хадамоти коммуналӣ дар ин самт начандон қаноатбахшанд.
«Масалан, тибқи маъулмоти мо, соли ахир танҳо дар шаҳри Душанбе ҳар ҳафта аз 25 то 40 ҳодисаи ҳамалаи ҳайвоноти дайду ба одамон ба қайд гирифта шудааст. Вазорати тандурустӣ бо оқибатҳои он мубориза бурда, ҷабридагонро табобат ва эм мегузаронад. Аммо хадамоти коммуналӣ, ки дар он барои мубориза бо ҳайвоноти дайду воҳидҳо (шататҳо)- и махсуси корӣ пешбинӣ шудаанд, қариб амал намекунад», - гуфт Мирзоев.
Дар идома ҳамсӯҳбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, хадамоти санитарии кишвар ният доранд, ки ояндаи наздик аз мақомоти ҳокимияи маҳаллӣ даъват ба амал оваранд, то ки ба ин мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир шавад. «Дар доираи салоҳияти худ аз онҳо андешидани чораҳои таъҷилиро тақозо хоҳем кард», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста