Ҳаҷми умумии даромад дар бахши хизматгузории алоқаи Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 2 млрд. сомонӣ (беш аз 420 млн. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2010 ба андозаи 12% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Рафиқҷон Шокиров, тақрибан 95% (1,88 млрд сомонӣ) аз ҳаҷми умумии даромад ба операторони алоқаи мобилӣ ва интернет-провайдерон рост меояд.
Соли гузашта даромади ҶСК «Тоҷиктелеком» - ҳудуди 98 млн., КВД «Почтаи тоҷик» - 6,2 млн., КВД «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг» - 6,3 млн. ва дигар корхонаҳои зертобеъ – 1,4 млн. сомониро ташкил додаанд.
Шокиров зикр кард, ки аз ҳисоби ин даромад ба буҷети ҷумҳурӣ 360 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 40 млн. сомонии он аз ҳисоби хизматгузории хадамоти алоқа оид ба сертификатсия кардан, додани патентҳо, ҷарима ва дигар хизматгузориҳо аст.
Ба гуфтаи вай, айни замон дар Тоҷикистон 6,5 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ мавҷуданд, ки 3,9 млн. нафарашон рақамҳои фаъол доранд.
«Бо назардошти интернети телефонӣ, айни ҳол шумори истифодабарандагони шабакаи Интернет дар ҷумҳурӣ 1,8 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли гузашта 38% бештар аст», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, феълан дар кишвар ба ҳар як сад нафар аҳолӣ 5 телефони доимӣ (статсионарӣ) ва 80 телефони мобилӣ рост меояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста