Дар дохили ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», дар фазои қаламрави Ӯзбекистон (Самарқанд), ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, як тифли навзоди писар ба дунё омад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ, дар таваллуди кӯдаки мусофирзани 26-сола, сокини ноҳияи Ёвон Насиба Давлатова табибе, ки дар ҳавопаймо ҳузур доштааст, иштирок карда, таваллуди тифл ба хайрият ва бидуни мушкилот сурат гирифтааст.
«Давлатова дар моҳи нӯҳуми ҳомиладорӣ қарор дошта, ба ҳайати кормандони тиббии фурудгоҳи «Домодедово»-и шаҳри Маскав маълумотномаи бардурӯғ дар бораи муҳлати ҳомиладориашро пешниҳод кардааст, - гуфта мешавад дар иттилои ширкат. – Тавре баъдтар маълум шуд, ин зан бори аввал таввалуд карда, дар ӯ хатари таваллуди пеш аз муҳлат вуҷуд доштааст. Сарфи назар аз ин, зан дидаву дониста ҳаёти худ ва тифли батнашро зери хатар гузошт».
Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо зану кӯдаки навзодро кормандони тиббии фурудгоҳ муоина карда, сипас онҳо ба таваллудхонаи № 2-и пойтахт фиристода шуданд.
Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи чоруми таваллуди тифли навзод дар ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» аст. Тифли аввал (писар) моҳи декабри соли 2007 зимни парвози ҳавопаймои хатсайри Санкт-Петрбург-Душанбе, тифли дуюм (духтар) соли 2008 дар ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе ва тифли навзоди сеюм (писар) моҳи октябри соли 2011 ҳангоми парвози ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе ба дунё омада буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста