Дар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа давраи сеюми олимпиадаи фаннии мактаббачагони вилояти Хатлон дар соли хониши 2011-2012 ҷамъбаст гардид.
Тавре аз хаамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, олимпиадаи мазкур дар се давр бо иштироки беш аз 144 ҳазор нафар хонандагони синфҳои 9,10 ва 11 аз тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ҷамъбасти олимпиадаҳои фаннӣ бо иштироки муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов, муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова ва омӯзгорони пуртаҷрибаи вилоят ба 165 нафар ғолибон, медал ва ифтихорномаҳои таъсисдодашудаи раёсати маорифи вилояти Хатлон супорида шуд.
Зикр гардид, ки ғолибони озмун барои иштирок ба даври навбатии олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста