Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Сера Пенҳюн дар маросими такдими ёрии башардустона, ки бо арзиши зиёда аз 2 миллион доллар аз тарафи ширкати Амрикоии Ели Лилли (Eli Lilly) хайрия шуда аз ҷониби Департаменти Давлатии ИМА ва лоиҳаи ҲОУП барои мардуми Тоҷикистон дастрас гардидааст, ширкат варзид.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросим дар маркази эндокринологии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ин хайрия, ки аз 26 800 шишачаи инсулин иборат аст, ройгон ба мардуми Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Лоиҳаи ҲОУП ва Вазорати тандурустии Ҷумхурии Точикистон ин лавозимоти тиббиро ба дигар марказҳои эндокринологӣ дар сар то сари Точикистон таҳвил менамояд.
Лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон маводу таҷҳизоти тиббиро ба маблағи умумии 302 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва ёрии башардӯстона ҷихати кӯмак ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон маблағи беш аз 984 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста