Бар асари сардии шадид дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон то 10-уми феврал таътил эълон шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Сиддиқ Муборак хабар дод, танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таътил эълон гардида, он ба макотиби олӣ ва муассисаҳои томактабӣ дахл надорад.
«Мо фаъолияти кӯдакистонҳоро қатъ сохта наметавонем, зеро аксари волидайни кӯдакон кор мекунанд ва ғайр аз ин, тамоми кӯдакистонҳо гарманд», - гуфт ӯ.
Ба қавли номбурда, барои аз барномаи мактабӣ қафо намондани синфҳои ибтидоӣ чор рӯзи шанбе онҳо дарс хоҳанд хонд ва барои толибимони синфҳои болоӣ дар ҳафтаи омӯзишӣ соатҳои иловагӣ зам карда мешаванд.
Ҳамчунин имрӯз бояд машқу тамринҳои ҷашни Наврӯз оғоз мегардиданд, ки ба онҳо ҳудуди 4 ҳазор мактаббачагон ҷалб карда мешаванд. Аммо бинобар сардии обуҳаво онҳо низ мавқуф гузошта шуданд.
Роҳбари Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева дар робита ба ин масъала гуфт, то мусоид шудани обуҳаво тамринҳои аввал дар толори варзишии ҳар як мактаб гузаронида мешавад. «Тамринҳои умумӣ дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» дар арафаи ҷашн баргузор мегарданд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста