Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев оид ба масъалаи ба тартиб овардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва танзими тарофаҳои роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши пойтахт ҷаласаи мақомоти шаҳрдорӣ баргузор шуд.
Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, дар ҷаласа шахсони масъули соҳаи мазкур, вакилони маҷлиси вакилони халқи пойтахт, намояндагони ҷамъиятҳои саҳҳомии машғул ба ҳамлу нақли мусофирон ширкат варзиданд.
«М.Убайдуллоев бо лоиҳаи пешниҳодшудаи хадамоти дахлдори шаҳр оид ба боло бурдани тарофаҳои роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши пойтахт шинос шуда, онро ҷиҳати бознигарӣ бозпас баргардонд. Лоиҳа бо хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумат ва комиссияҳои ҷамъиятии шаҳр мувофиқа шудааст. Раиси пойтахт тасмими худро бо он асоснок намуд, ки тарофаҳои нав ба талаботи ҳифзи иҷтимоии категорияҳои ҷудогонаи шаҳрвандон ҷавобгӯ нестанд», - иброз дошт Ш.Саидов.
Ба қавли ӯ, М.Убайдуллоев хадамоти дахлдори пойтахтро муваззаф сохт, ки дар муддати ду ҳафта масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳаи такмилёфтаро ҷиҳати баррасии такрорӣ пешниҳод намоянд.
«Таваҷҷуҳи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба он равона гардид, ки бо мақсади истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ, беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва кӯмак ба категорияи имтиёздор такмили қонунгузории мавҷудаи кишвар зарур аст», - афзуд Ш.Саидов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста