Дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд пардохти маблағи таҳсил барои моҳи январро талаб мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин моҳ толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ба таътил баромада буданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сокинони шаҳри Хуҷанд, ки фарзандонашон дар гимназияи № 13 ва мактаб-гимназияи №4 таҳсил мекунанд, хабар доданд.
Ҳар моҳ волидайни кӯдакон барои баргузор намудани машғулияти иловагӣ ва таъмини «ҳайати хурди хизматӣ»-и мактаб маблағ месупоранд, вале моҳи январ онҳо дар таътил буданд.
Аз Раёсати маорифи вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷамъоварии маблағ барои моҳи январ аз падару модарон ғайриқонунӣ аст.
«Мо дар ин бора маълумот надорем, вале агар чунин ҳодисаҳо ҷой дошта бошанд, ин ташаббуси худи мактабҳо буда, умуман мухолифи ӯҳдадориҳои шартномавӣ миёни падару модарон ва мактаб аст», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Хучанди13 феврал, 2012 16:32
Хак аст, ин директорони ноинсофи мактабхо бакораю бекора маблагситон мекунанд алалхусус директори тозатаини гимназияи раками 4 шахри Хучанд мухтарама Ашурова З. кудои Раиси вилояти Сугд, ки пашшаи ин хел директоронро хеч кас киш намегуд.