Дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб технопарк (қароргоҳи дастгоҳу таҷҳизоти техникӣ) боз шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи рушди иқтисод ва инноватсияи филиали донишгоҳ Алмосшо Шоев хабар дод, технопарк бо дастгоҳу асбоб ва лавозимоти техникии зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, қаблан донишҷӯёнро лозим меомад, ки таҷрибаи истеҳсолиро дар корхонаҳои минтақа гузаронанд. «Акнун ҳамаи ин гуна дастгоҳу асбоб ин ҷо муҳайёст ва донишҷӯён метавонанд маҳсулоти тарҳрезикардаи худро ба бозори маҳаллӣ пешниҳод намоянд», - гуфт вай.
Ба қавли Шоев, лар зарфи 9 соли фаъолият филиал ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. «Агар 9 сол қабл мо барои азхудкунии 2 ихтисос ҳамагӣ 27 нафар донишҷӯёнро қабул карда бошем, имрӯз дар факултетҳои технологии филиал зиёда аз 1,3 ҳазор нафар донишҷӯён бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, айни замон дар макотиби олии шаҳрҳои Иваново, Ярославл, Кострома ва Воронеж беш аз 500 нафар донишҷӯёни Кӯлоб таҳсил дошта, дар худи филиал низ факултаи муштараки тоҷикиву русиягӣ амал мекунад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста