Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр: кўчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рўдакӣ баргузор гардид.
Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа масъулини сохторҳои шаҳрдорӣ, як зумра директорони Пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, ки дар ҳудуди шаҳр фаъолият доранд ва кулли соҳибмулкону роҳбарони субъектҳои хоҷагидории иншооташон дар ин маврид тибқи Нақшаи генералии шаҳр барои азнавсозӣ пешбинигардида аз ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонӣ ширкат варзиданд.
«Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати корҳои анҷомгирифтаи фаҳмондадиҳӣ бо соҳибмулкон, ки тўли ҳафтаи гузашта тибқи дастури шаҳрдорӣ аз тарафи сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷараён дошт, изҳори қаноатмандӣ намуда, бори дигар бо кулли соҳибмулкон бобати моҳият ва зарурати тарҳрезии амали мазкур сўҳбат карда, афзуд, ки зимни роҳандозии ин тадбир ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман риоя ва ҳифз карда мешаванд», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ. М.Убайдуллоев дастур додааст, ки бо инобати таклифҳои соҳибмулкон лоиҳаҳои тибқи Нақшаи генералии шаҳр дар минтақаи мазкур бунёдшавандаро дар Шўрои шаҳрсозӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои тасдиқ унвонии Раиси шаҳр пешниҳод намоянд.
«Раиси пойтахт зикр кард, ки азнавсозии иншооти зикргардида бояд на дертар аз моҳи сентябри соли 2013 бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шаванд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста