Дар робита ба амалисозии нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии кӯчаи Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ дар навбати аввал биноҳои истиқоматии ду ва сеошёна ва як қатор биноҳои маъмурӣ бартараф карда мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ба рӯйхати иншооти бартарафшаванда дар кӯчаи Айнӣ биноҳои зерин шомиланд: биноҳои истиқоматии №№ 42, 54, 58 ва ҳамчунин як қатор биноҳои №№ 32, 34, 40, 60 ва 64, ки дар онҳо мағоза, филиали бонкҳо ва дигар муассисаҳо ҷойгиранд.
Дар хиёбони Рӯдакӣ биноҳои маъмурии №№ 11/1, 32, 33а, 37а, №№ 77, 79, 84, 103, 105, 102, 108, 110, 114, 124, 126, 128, 130, 132, 134, 136, аз ҷумла бинои маҷмааи фароғатии «Вастан», маркази «Ораш», қаҳвахонаи «Порт Саид» ва ғайра бартараф карда мешаванд. Дар кӯчаи Карамов 3 бинои маъмурӣ бартараф мегардад.
«Дар ҷойи биноҳои зикршуда асосан биноҳои истиқоматии таъиноти серсоҳа бунёд карда мешаванд», - гуфт Саидов.
Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев чандин маротиба изҳор кард, ки зимни роҳандозии ин тадбир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман риоя ва ҳифз карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста