Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба президенти Тоҷикистон ҷиҳати тағйири номи Литсейи президентии шаҳри Душанбе ба Мактаби байнулмилалии президентӣ муроҷиат карданд.
Сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва мактабии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Абдусамад Муллоев дар робита ба ин масъала ба ОИ Азия-Плюс» изҳор кард, ки ин муроҷиат бо он асоснок шудааст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ бо маблағгузории Туркия танҳо як мактаби байнулмилалӣ амал мекунад ва Тоҷикистонро мебояд мактаби байнулмилалии худро дошт.
«Барои таҳсил дар ин мактаб мо ҷавонони лаёқатмандро, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, ҷалб хоҳем кард. Дар кишвари мо сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалии зиёде мавҷуданд, ки фарзандони онҳо забони тоҷикиро балад набуда, метавонанд дар ин мактаб таҳсил намоянд», - гуфт вай.
Ёдрас мекунем, ки айни замон фарзандони дипломатҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, дар литсейи байнулмилалии туркӣ таҳсил мекунанд. Фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ин муассисаи таълимӣ ҳузур доранд. Таҳсил дар ин ҷо бо забони англисӣ аст. Ҳоли ҳозир дар ин литсей тахминан 400 нафар таҳсили илм намуда, арзиши яксолаи таҳсил ҳудуди 7 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста