Роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров дастрас набудани баъзе сомонаҳоро ба сабабҳои техникӣ маънидод кард.
Ӯ дақиқан нагуфт, ки алоқачиён маҳз ба кадом сабабҳои техникӣ дучор шуданд, вале итминон дод, ки ояндаи наздик ин мушкилот ҳал хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи шанбе як қатор интернет-провайдерон дастрасӣ ба қатор сомонаҳо, аз ҷумла шабакаи маъруфи иҷтимоии «Facebook»ро қатъ сохтанд. Субҳи имрӯз бошад, тамоми интернет-провайдерон дастрасӣ ба сомонаҳои Facebook.com, Zvezda.ru, Tjknews.com ва - Maxala.org.-ро қатъ намуданд.
Як манбаъ аз як ширкат ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чанде аз интернет-провайдерон ё мактуб гирифтанд ва ё шифоҳӣ аз ҷониби Хадамоти алоқа огоҳӣ гирифтаанд, ки «бинобар сабаби зарурати пайдошуда», дастрасӣ ба як қатор сомонаҳоро қатъ намоянд.
Роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон маълумот дар бораи бо огоҳи хаттӣ ё шифоҳии идораи ӯ баста шудани баъзе сомонаҳоро қотеъона рад месозад.
То имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои «Фергана.ру» ва «Сентразия.ру» низ қатъ шуда буд.
Айни замон беш аз 130 провайдерон иҷозатномаҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар бораи пешниҳоди хизматгузории Интернетро соҳиб шудаанд,вале каме бештар аз даҳтои онҳо дар бозор фаъоланд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста