Чанде қабл президенти Фаронса Николя Саркози ба кори Ҳамоиши VI-уми байнулмилалии об дар шаҳри Марсел таҳти унвони «Вақти қабули қарор фаро расидааст» ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ҳамоиш бо мақсади ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли таҳдидҳои глобалӣ дар масоили об доир мегардад.
Пас аз қисмати расмӣ маросими супурдани Ҷоизаи Бузурги Ҷаҳонии об баргузор мешавад. Ин ҷоизаи байнулмилалӣ аз ҷониби ҳукумати Марокаш ва Шӯрои Ҷаҳонии об ба хотири Ҷаноби Олӣ Шоҳи Марокаш Ҳасани II таъсис дода шуда, он барои ҳавасмандсозии ҳамкорӣ ва ташабббус дар кори истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ тақдим карда мешавад.
Мукофот ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА ҳар се сол як маротиба дар ҷараёни кори Ҳамоиши ҷаҳонии об тақдим мегардад.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш вазири мелиоратсия ва захираҳои обии ҷумҳурӣ Раҳмат Бобокалонов сарварӣ менамояд. Дар павилони намоишгоҳи Парки Шано, ки дар он ҳамоиш сурат мегирад, Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ягона давлатест, ки гӯшаи худро бо пешниҳоди захираҳои обии кишвар боз намуд.
Ғайр аз ин, дар ҳошияи кори ҳамоиш гуфтушуниди ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо шарикон-иштирокчиёни ҳамоиш дар назар аст.
Ҳамоиши байнулмилалии об дар се сол як маротиба доир гардида, яке аз ниҳодҳои бузурги байнулмилалии ҳалли масоили марбут ба об мебошад. Ҳамоиш то 17-уми март идома меёбад. Дар доираи чорабинии мазкур беш аз 20 мулоқоти сиёсӣ, ҷаласа ва мизҳои гирд дар сатҳи болоӣ, 400 соати табодули афкор ва баррасии фаъолият дар бахшҳои гуногун баргузор мешавад. Дар кори ҳамоиш ҳайатҳои 140 кишвари дунё иштирок дошта, шумори умумии иштирокчиёни чорабинӣ аз 25 ҳазор нафар зиёдтар аст.
Аз таърихи баргузории ҳамоишҳои пешин: Ҳамоиши I-уми ҷаҳонии об (Марокаш, Марокаш, соли 1997) – 500 нафар иштирокчиён; Ҳамоиши II-юм (Гаага, Нидерланд, соли 2000) – 6ҳазор нафар иштирокчиён; Ҳамоиши III-юм (Киото, Шига ва Осака, Ҷопон, соли 2003) ва Ҳамоиши IV-ум (Мехико, Мексика, соли 2006) – 20 ҳазор нафарӣ иштирокчиён ва Ҳамоиши V-ум (Истамбул, Туркия, соли 2009) – зиёда аз 30 ҳазор нафар иштирокчиён.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста