Давраи омӯзишии амалӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони «Инъикоси масоили пешгирию назорати бемории сил ва шаклҳои гуногуни он дар ВАО» рӯзҳои 16-17 март дар Душанбе баргузор мегардад. Дар он 15 корманди садою симо, хабаргузорӣ ва нашрияҳои даврии ш.Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ ширкат меварзанд.
Тренерони ин чорабинии омӯзишию амалӣ сарвари Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» Сафо Сафаров ва сардори Маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ Фотима Ғоибова мебошанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсоз оид ба сафарбаркунии иҷтимоии Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон Сурайё Одинаева иттилоъ дод, мақсади баргузории тренинг ба рӯзноманигорон омӯзонидани инъикоси касбии масоили шаклҳои мутобиқгаштаи бемории сил ва ВНМО/сил дар ВАО мебошад. Зимнан такмили малакаи журналистон дар таҳияи касбии маводи чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизионӣ оид ба ин мавзӯъ ва баррасии ҷанбаҳои ҳуқуқию ахлоқии инъикоси он дар ВАО, инчунин густариши ҳамкории рӯзноманигорон бо Вазорати тандурустии ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил ва созмонҳои ҷамъиятию байналмилалие, ки дар ин бахш кор мекунанд, дар назар аст.
Тренинги мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» бо дастгирии Лоиҳаи USAID «Муошират оид ба ВНМО ва сил», Лоиҳаи ҲОУП ва Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза созмон дода мешавад.
«Дар ҷараёни тренинг боздиди омӯзишӣ аз Беморхонаи ҷумҳуриявии зиддисилии «Шифо» («Мачитон», воқеъ дар ш.Ваҳдат) ва мусоҳиба бо масъулону пизишкони дармонгоҳи мазкур барномарезӣ шудааст. Дар ҷамъбаст иштирокдорони давраи омӯзишии амалӣ дар заминаи иттилооти аснои тренинг ва боздид аз дармонгоҳ гирдовардаашон матолиби чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизиониро таҳия карда, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд», - иброз дошт Одинаева.
Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати омодасозии маводи ҳирфаӣ онҳо бо дастгоҳҳои навор-, садо- ва аксбардорӣ, компютеру ноутбук, барномаҳои касбии танзим ва Интернет таъмин мегарданд.
Қобили зикр аст, ки давраи омӯзишии амалӣ бо мусоидати фаннии гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» гузаронида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста