Нимаи дуюми моҳи апрели соли равон салоҳияти беш аз 300 нафар имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон, ки пас аз санҷиши соли гузашта ба онҳо муҳлати озмоишӣ дода шуда буд, мавриди санҷиши дубора қарор мегирад.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши салоҳияти 3 ҳазору 356 имомхатибон дар соли гузашта 106 нафар аз аттестатсия нагузашта, ба зиёда аз 300 нафар муҳлати озмоишӣ дода шуда буд.
Тавре аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, имомхатибон аз гузаронидани санҷиш огаҳ гардида, ба он омодагӣ мегиранд. «Дар санҷиш сатҳи ҷаҳонбинии имомхатибон доир ба масоили динӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ озмуда мешавад», - гуфтанд дар кумита.
Ба иттилои манбаъ, имомхатибон бояд аз доишҳои динӣ ва дунявӣ бархӯрдор бошанд. «Ҳадаф аз баргузории санҷиш озмудани сатҳи дониш, таҷриба ва ҷаҳонбинии номзад ба имомхатибӣ аст, зеро имомхатиб ба тарбияи ибодаткунандагон низ машғул аст», - афзуд манбаъ.
Қаблан раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба ин масъала изҳор дошта буд, ки имомхатиби асри 21 бояд шахси ҳамаҷониба босавод дар масоили ҳам диниву ҳам дунявӣ бошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста