Мақомоти олии динии Туркия – Диёнат ба кумак расонидан дар таъмир ва азнавсозии масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ омодагӣ изҳор кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Атовулло Қосимов хабар дод, чанде қабл як ҳайати Тоҷикистон бо шумули намояндагони Шӯрои уламо, Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз Туркия боздид намуда, бо мақомоти раҳбарии Диёнат дар ин хусус гуфтушунид анҷом додаанд.
Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби Туркия ҳамчунин дархост кардааст, ки дар нашри китоби Қуръон барои нобиноён низ ёрӣ расонанд. «Дар Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор нафар нобиноён ба сар мебаранд ва ҳамаи онҳо хоҳиши хондани Қуръонро доранд. Мо тавонистем, ки ҳамагӣ 200 нусхаи китоби Қуръон барои нобиноёнро нашр намоем, ки албатта, ин миқдор кифоя нест», - гуфт Қосимов.
Ба гуфтаи вай, ҳайати Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ ба таҷрибаи Туркия оид ба бозомӯзии имомхатибон таваҷҷуҳ зоҳир сохтаанд. «Дар Туркия ҳамасола имомхатибон дар курсҳои бозомӯзӣ донишу таҷрибаи худро такмил медиҳанд», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста