Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Метрополит Викентий- сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии русро бо хоҳиши ӯ, ки дар ин зимн Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Юрий Попов ҳамроҳӣ мекард ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, зимни мулокот Маҳмадсаид Убайдуллоев Метрополит Викентийро, ки ҳамзамон садорати Метрополити Калисои православии рус дар Душанбе ва Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад бобати таъин шуданаш ба ин вазифа самимона шодбош намуда, изҳори боварӣ кард, ки идомаи фаъолияти ӯ ба ин вазифа баҳри таҳкими фазои ҳамзистии осоиштаи мӯътақидони дини насронӣ ва кулли пайравони намояндагони дину мазҳабҳои гуногун, ки дар Душанбе - дорандаи Ҷоизаи шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО иқомат доранд, мусоидати бештар менамояд.
Метрополит Викентий аз пазироӣ ва мӯҳтавои сӯхбати анҷом гирифта бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки ҷониби ӯ тамоми зарфиятҳояшро баҳри густаришу тақвияти ҳамзистии осоиштаи пайравони дини насронӣ бо дигар намояндагони таркиби иҷтимоию адёнии шаҳри Душанбе ва кишвари Тоҷикистон сафарбар хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста