Шоми 10 апрели соли 2012 таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи нахустини Ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирӣ аз эҳтимолияти оқибатҳои офатҳои табии селборишҳои мавсими баҳорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа намояндагони масъули Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ- соҳибтавозуни 43 км каналҳои марзгузари шаҳри Душанбе, сардорони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, раисони ноҳияҳо ва Комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар таваҷҷӯҳи аъзои Ситодро бо хулосаи санҷишҳои анҷомдодаи Комиссияҳои депутатӣ оид ба ҳолати каналу селпартоҳо ва дигар иншооти ирригатсионии аз марзи шаҳр убуркунанда шинос намуда, вобаста аз нуктаҳои осебпазири зикрёфта ба масъулини субъектҳои соҳибтавозун барои рафъи онҳо бо муқаррасозии мӯҳлат дастуру супоришоти мушаххас дод.
Ҳамзамон таъкид сохт, ки раисони ноҳияҳо ва Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» - соҳибтавозуни 69,6 км каналу селпартоҳо бе ягон саҳлангорӣ дар ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқии аз ҳудуди иншоотҳояшон каналу селпартоҳо убуркунанда барои дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани онҳо тадбирҳои воқеӣ андешанд.
Ба сардорони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он якҷоя бо дигар сохторҳои марбута дастур гардид, ки ҳолати иншооту манзилҳои истикоматии дар қисмати доманаҳои осебпазири шаҳр ҷойгирбударо мавриди ташхис қарор дода, аз натиҷаи он ба Раиси шаҳр пешниҳод манзур созанд.
Дар ин равобит раисони ноҳияҳо муваззаф карда шуданд, ки корҳои тарѓиботиро бо сокинон бобати тоза нигоҳ доштани каналу селпартоҳои аз ҳудуди маҳаллаҳо убуркунанда тақвият бахшанд ва фаъолияти Ситодҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ таври шабонарӯзӣ тибқи муқаррароти Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба роҳ монда шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
ОКИЛ11 апрел, 2012 14:41
Салом чаро обонборхои Панчакент аз лой тоза карда намешавад, Хар дафъае ки борон меборан хонаи моро мешуяд илтимос Абдуназаров