Дар бораи таҷлили ҷашни 67-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба имзо расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, тибқи қарори мазкур, бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон ва тарбия намудани наслҳои ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ санаи 9 майи соли 2012 67 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қаламрави вилояти Суғд ботантана таҷлил карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳайъати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар он оро додани шаҳру деҳоти вилоят бо шиору овезаҳо, аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони барҷомонда ва оилаҳои сарбозони ҳалокгашта, ташкили вохӯриву мулоқотҳо бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баргузор намудани ҳашарҳо дар оромгоҳҳо, муҷассамаҳои ба хотири шаҳидони ҷанг гузошташуда, гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир», ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ба муносибати Иди Ғалаба ва таҷлили ботантанаи ҷашн дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста