Дар Тоҷикистон ба анҷом додани амали ҷарроҳии кӯдакони навзоде, ки дорои бемории иллати дили модарзодӣ мебошанд, оғоз мекунанд. То ин замон чунин ҷарроҳиҳоро мутахассисони тоҷик танҳо бо кӯдакони синнусоли аз 3-сола боло анҷом медоданд.
Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати ташкили хизматгузориҳои тиббӣ, модарон, кӯдакон ва банақшагирии оилаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Шералӣ Раҳматуллоев хабар дод, ним сол пеш бо дастгирии ҳукумат ҳашт нафар ҷарроҳон ҷиҳати бозомӯзӣ ба Чин фиристода шуда буданд. «Анҷоми чунин ҷарроҳиҳо тобистон шуруъ мешавад», - гуфт вай.
Бино ба маълумоти номбурда, ҳудуди 70%-и кӯдакони навзоди дорои бемории илллати дили модарзодӣ дар муддати 1 моҳи пас аз таваллуд ба ҳалокат расида, 30%-и дигар маъюб боқӣ мемонанд. «Мо чунин ҷарроҳиҳоро ба кӯдакони синнусоли аз 3-сола боло мегузаронидем ва акнун вазифаи асосии мо дар он ифода меёбад, ки ба ин монанд ҷарроҳиҳои душворро барои кӯдакони навзод низ анҷом диҳем», - иброз дошт Раҳматуллоев.
Ба қавли намояндаи Вазорати тандурустӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 80 нафар кӯдакони дорои бемории иллати дили модарзодӣ ҷарроҳӣ шуда, дар зарфи чор моҳи соли равон бошад, ин шнишондиҳанда 53 ҷарроҳиро ташкил медиҳад.
Дар робита ба масъалаи арзиши чунин ҷарроҳӣ Раҳматуллоев зикр кард, ки қимати он нисбат ба кишварҳои хориҷӣ хеле арзонтар аст. «Чунин ҷарроҳӣ дар кишварҳои дигар аз 7 то 10 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад, вале дар мо вобаста ба мушкилии беморӣ он аз 16 то 20 ҳазор сомонӣ аст. Мо низ чунин ҷарроҳиҳоро метавонем дар сатҳи баланд анҷом диҳем, зеро технологияи мо низ аз технологияи онҳо ҳеҷ тафовуте надорад. Ғайр аз ин, табибони мо ҷарроҳиҳоеро, ки масалан дар Қазоқистон аз он даст мекашанд, низ анҷом медиҳанд», - афзуд Ш.Раҳматуллоев.
Бино ба маълумоти Вазрати тандурустии ҷумҳурӣ, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор нафар афроди дорои бемории иллати дил ба сар мебаранд, ки 3 ҳазор 700 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста