Дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти макомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ин бора қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расида, раиси Шӯрои нав муовини аввали раиси пойтахт Насрулло Хайруллоев ва котиби Шӯро мудири шӯъбаи маъмӯрию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Фозил Бӯриев таъин карда шуданд. Ҳайати умумии Шӯро аз 25 нафар аъзо иборат аст.
Дар қарор ҳамчунин дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткори, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе сухан меравад.
Ҷаласаҳои Шӯро охири ҳар се моҳ аз ҷониби роҳбари Шӯро даъват карда шуда, дар он иштироки роҳбарони мақомоту сохторҳои масъул бо пешниҳоди ҳисоботи якмоҳаи расмӣ ба Шӯро аз рафти корҳои анҷомдода ҳатмӣ аст ва аз натиҷаи ҳар ҷаласа протокол тартиб дода шуда, на дертар аз санаи 10-ми моҳи навбатӣ бо имзои роҳбари Шӯро ба раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста