Дар Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу хун шуъбаи табобати бемориҳои иллати дили модарзодии кӯдакон ба кор шуруъ кард. Табибони шуъба ҷарроҳии то 1 ҳазор кӯдакони беморро дар як сол ба нақша гирифтаанд. Шуъбаи мазкур дар маркази илмии беморхонаи шаҳрии клиникии № 5 (Шаҳраки тиббӣ) фаъолият дошта, бо дастгирии Каритас Интернешнл боз гардидааст.
Мудири шуъба Икром Болтабоев мегӯяд, шуъба бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда аз 20 кат иборат аст. «Айни замон ҳайати коргарони шуъбаро 10 табиби соҳибтаҷриба ташкил медиҳанд, ки дар дармонгоҳҳои пешқадами Русияву Эрон омӯзишу таҷриба гирифтаанд», - гуфт вай.
Ба гуфтаи табиб, ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор атфол ба дунё меоянд, ки аз 1,5 то 3 ҳазор нафарашон дорои бемории иллати дили модарзодӣ мебошанд. «Агар шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда бошанд, тавассути ҷарроҳҳии фаврӣ онҳоро метавон наҷот дод», - изҳор кард ӯ.
Дар шуъбаи нав ҷарроҳӣ барои беморон ба ҳисоби миёна ҳудуди 5 ҳазор $ арзиш хоҳад дошт. Дар ҳамин ҳол, дар Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳи дилу раг кӯдаконе ҷарроҳӣ шуданд, ки маблағ барои онҳоро хонандагони ОИ «Азия-Плюс» ҷамъоварӣ карда буданд.
Бино ба маълумоти Вазрати тандурустии ҷумҳурӣ, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор нафар афроди дорои бемории иллати дил ба сар мебаранд, ки 3 ҳазор 700 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста