Имрӯз бори нахуст дар вилояти Хатлон дар базаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ анҷумани донишҷӯён дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон» баргузор мегардад.
Тавре аз шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи анҷуман фаъолгардонии ҷавонон дар масоили истифодаи ТИК барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар анҷумани мазкур қариб 100 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон иштирок мекунанд. Аз онҳо 20 нафар лоиҳаву идеяҳои худро оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумлаи истифодаи ТИК дар ВАО, дар рушди иқтисодӣ, дар соҳаи тандурустӣ ва маориф муаррифӣ мекунанд.
Муаллифони се лоиҳаи беҳтарин, ки ҳакамон муайян мекунанд, аз ҷониби кумитаи тадорукоти анҷуман мукофотонида мешаванд. Ҳамчунин онҳо имконияти иштирок дар Лагери байналмилалии навовариҳои иҷтимоӣ (Social Innovation Camp – SICamp)-ро, ки моҳи майи соли 2012 дар Қазоқистон баргузор мегардад, пайдо мекунанд.
Анҷумани мазкурро намояндагии СҶ «Молодежь 21 века» дар Кӯлоб дар ҳамшарикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Маркази ҷавонону фарҳанги Кӯлоб ва ширкати «Мегафони Тоҷикистон» бо кӯмаки молиявии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста