Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ҷиҳати аз Қумсангир овардани 20 тонна битум ба он ҷо якчанд автомашинаҳои махсусро фиристодааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Наврӯзов хабар дод, битумро Вазорати нақлиёти кишвар ройгон барои таъмири роҳҳои автомобилгард миёни маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Кӯлоб ҷудо кардааст.
«Тайи 15 соли ахир дар аксари мавзеъҳо роҳҳо ниҳоят хароб гардида, ҳаракати нақлиёт миёни баъзе деҳаҳо ғайриимкон шудааст», - гуфт корманди раёсати молия ва афзуд, ки аз 20 тонна битум 360 тонна асфалт ҳосил гардида, корҳои асфалтхобониро Раёсати маҳаллии истифодабарии роҳ анҷом медиҳад ва хароҷоти ин корро низ Вазорати нақлиёт пардохт мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Назаров мегӯяд, аз ҷониби мудирияти соҳавии Дастгоҳи иҷроияи президент нақшаи барқарорсозӣ, сохтмони роҳҳои нави автомобилгард миёни кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб дар маҷмуъ ба маблағи 37,5 млн. сомонӣ тасдиқ шудааст ва ин корҳо пас аз баргузории тендер ва дастгирии бурсии созмонҳои байнулмилалӣ анҷом дода мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста