Мансабдорони вилояти Хатлон барои истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати зиддифасоди вилояти Хатлон Ҳикматулло Исматов хабар дод, дар ҷараёни санҷиши филиали ҶС «Тоҷиктелеком дар вилояти Хатлон ошкор шудааст, ки 26 нафар шахсони масъул – кормандони муассисаҳои давлатӣ аз ваколатҳои мансабӣ суистеъмол намуда, телефонҳои хизматиро барои эҳтиёҷоти шахсии худ истифода кардаанд.
«Миёни онҳо сардухтури санитарии ноҳияи Қубодиён Эсӣ Олимов, сардори Раёсати молияи ноҳияи Мӯъминобод Давлатхӯҷа Мирмаҳмадов, сардори агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуғл ва муҳоҷирати ноҳияи Носири Хусрав Шарифхон Мадалиев ва дигарон ҳузур дошта, дар маҷмуъ 26 нафар мансабдорон ба маблағи то 800 сомонӣ ҷаримабандӣ ва ҳаҷми умумии ҷарима 21 ҳазор сомониро ташкил дод», - гуфт вай.
Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони Раёсати зиддифасоди вилоят зимни санҷиши фаъолияти 63 корхонаву муассисаҳои давлатӣ дар ҳаҷми 3 млн. 305 ҳазору 331 сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд. Зимни санҷиш аз ҳаҷми умумии зарар 2 млн. 522,9 ҳазор сомонӣ (76,3%) барқарор карда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста