Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон оид ба тағйир додани номи шаҳр, шаҳрак, деҳот ва деҳаҳои вилояти Суғд ба тасвиб расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, шаҳраки КИМ-и шаҳри Исфара ба Нурафшон, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳоти Қистакӯз- Хистеварз, Қатаған-Зарзамин, Ӯткансой-Чашмасор, шаҳри Табошар- Истиқлол, дар ноҳияи Ғончӣ- номи деҳаҳои Қизилӣ ба Лолазор, Қийғир ба Шоҳин, Мӯрияк ба Офтобрӯ, деҳоти Ленинобод ба Чорбоғ, Коммунизм ба Зарҳалол, Фрунзе ба Сабристони шаҳри Истаравшан, деҳоти Ҷарбулоқ ба Ориён ва Қамишқӯрғон ба Меҳробод дар ноҳияи Ашт, дар шаҳри Конибодом деҳаҳои Қайроғоч ба Ободон, Каттақишлоқ ба Хуррамобод, Янги Кӯчкакӣ ба Сомониён номгузорӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Панҷакент деҳаҳои Ғарибак – Озодагон, Каттақишлоқ- Хуррамобод, Советобод ба Рукнобод, Зарангбош ба Зарфишон, дар ноҳияи Шаҳристон деҳаҳои Холдорқипчоқ- Ободӣ, Қӯшқӯрғон- Суғдиён, Янгиқурғон- Навкент, Қарибчӣ-Гулистон, Тавоқбулоқ- Чашма, Куллиқӯтан – Ҳисор, Бӯраген- Фирдавсӣ, Ҷарқӯтан ба Турсунзода, Қаерма- Ваҳдат, Ишқилӣ - Бӯстон, Кенгкӯл- Истиқлол ва Ӯроқлӣ ба Темурмалик тағйири ном карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста