Бо мақсади мӯътадилгардонии вазъияти эпидемиологии бемории гулўзиндонак (дифтерия) Вазорати тандурустӣ қарор дод, ки Рӯзҳои миллии эмгузарониро гузаронад.
Рузҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди гулӯзиндонак дар ҷумҳурӣ аз 23 то 28 апрели соли 2012 дар байни кўдакони аз 3 то 6-сола бо ваксинаи АДС гузаронида мешавад. Дар маҷмўъ 730 031 кўдакон эм карда хоҳанд шуд. Дар рафти Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди гулӯзиндонак сатҳи фарогирӣ на кам аз 95% бояд таъмин карда шавад.
Гулўзиндонак бемории сироятии токсикӣ буда, барангезандаи беморӣ коринобактерияҳои гулўзиндонак (С. diphtheriae) мебошанд, ки токсини барои организми одам зарароварро хориҷ мекунанд. Роҳи асосии сироятёбӣ тавассути ҳаво, инчунин асбобҳои рўзгори сироятёфта (бозичаҳои мулоим ва ғайра) мебошад.
Намуди аз ҳама бештар паҳншудаи беморӣ осеб дидани бинӣ ва гулў, инчунин ғадудҳои бодомшакл мебошад. Ба бемории гулўзиндонак ҳам кўдакон ва ҳам калонсолон гирифтор мешаванд. Нуқсонҳои вазнини гулўзиндонак дар мадди аввал миокардит, инчунин газаки роҳҳои нафас ба ҳисоб рафта, аслан боиси марганҷомӣ мешавад. Аз ин рў, танҳо эмгузаронӣ метавонад кўдаки шуморо аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста