Дар шумораи имрӯзаи нашрияи «Тоҷикони Россия» паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони ҷумҳурӣ ба чоп расид.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори «ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиа-холдинги тоҷикии Tajinfo, муассиси нашрия Муҳаммади Эгамзод изҳор кард, ки феълан дар Русия ва дигар кишварҳои ҳаммарзи он тақрибан 1 млн. нафар тоҷикистониён кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо низ ба шиноосӣ бо ин санади тақдирсоз ҳуқуқ доранд.
«Айни замон ҷаҳонбинии муҳоҷирони меҳнатӣ хеле тавсеа ёфта, дар шабакаҳои интернетӣ мо шоҳиди мубоҳисаҳои пурҷӯшу хурӯш дар робита ба ин ё он масъалаи муҳими вобаста ба Тоҷикистон мегардем. Аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба ин тамоил тасмим гирифтем, ки матни комили паёми сарвари давлатро дар 12 саҳифаи нашрия ҷой диҳем», - гуфт ӯ.
Ба қавли Эгамзод, паҳнкунии нашрия дар тамоми манотиқи Русия, ки дар онҳо тащкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман амал мекунад, дар назар аст. «Ғайр аз ин, мо бо хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар шаҳрҳои Минску Киев ва роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Украинаву Белорус дар робита ба паҳн кардани паём дар тамос шуда ба мувофиқа расидем ва имрӯз нусхаи нашрия ба ин кишварҳо фиристода мешавад», - гуфт вай.
Номбурда афзуд, дар шумораҳои минбаъдаи нашрияи «Тоҷикони Россия» ба чоп расонидани андешаҳои хонандагон нисбат ба паёми президент ба нақша гирифта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста