Дар гузашти низомӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳудуди 1,5 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ширкат хоҳанд варзид.
Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз дар боғи Ғалабаи пойтахт тамринҳои гузашти низомӣ оғоз гардида, рӯзи 9-уми май дар ин ҷо гузашти низомӣ доир мегардад.
«Ба гузашти низомӣ афсарону сарбозони воҳидҳои гарнизони Душанбе, Гвардияи миллӣ ва ҳамчунин донишчӯёни муассисаҳои таълимоти низомии кишвар ва нерӯҳои марзбонӣ сафарбар карда мешаванд», - гуфтанд дар Вазорати мудофиа.
Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.
Маъмулан ба гузашти низомӣ собиқадорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аҳли оилаи онҳо даъват карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста