Тайи ним соли ахир ҳангоми сафар ба Русия муҳоҷирони кории тоҷик ба мушкилоти шахси номақбул будан барои Русия мувоҷеҳ гардида, вурудашон ба ин кишвар манъ мешавад.
Дар ҷараёни конфронс таҳти унвони «Мушкилот ва хатарҳои муҳоҷират ба ФР: ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсон бидуни шаҳрвандӣ», ки дар шаҳри Санкт-Петрбурги Русия мегузарад, директори иҷроияи Маркази ҳуқуқи инсони шаҳри Хуҷанд Авазхон Алимов гуфт, танҳо дар моҳҳои январ-феврали соли равон 253 нафар сокинони вилояти Суғд маҳз бо сабаби шахси номақбул будан барои Русия дар марзҳо бо мушкилот дучор шудаанд.
«Дар ҳамин ҳол, муҳоҷир огоҳ нест, ки дар бораи барои Русия шахси номақбул будани ӯ қарор қабул шудааст. Муҳоҷиронро танҳо дар посгоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳо аз ин огаҳ сохта, онҳоро ба ватан бозпас бармегардонанд», - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Алимов, дар як қатор фуруддгоҳҳои Русия муҳоҷирони кории тоҷик ба ин ҳолат дучор шудаанд. «Зимни суҳбат бо онҳо мо ошкор сохтем, ки чанде аз онҳо зимни қаблан дар Русия қарор дошта ба қонуншиканиҳои маъмурӣ, аз қабили саривақт тарк накардани кишвар, насупоридани ҷарима ва ғайра роҳ додааст, вале онҳоро он замон на истирдод кардаанду на ҷазои маъмурӣ додаанд. Тааҷҷубовар он аст, ки муҳоҷиронро шахсони номақбул эълон мекунанд. Агар сухан сари арбобони маъруфи сиёсиву ҷамъиятӣ мерафт, боке набуд, вале шахси номақбул эълон карданин муҳоҷиреро, ки барои қути лоямут кор кардан барои оила ба сафар мебарояд, нофаҳмо аст», - изҳор доштааст ҳомии ҳуқуқ.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар қонун муҳлати манъи вуруди шахси номақбул зикр нагардидааст. «Аз номи муҳоҷирони кории тоҷик мо ба унвони мақомоти дахлдори Русия оид ба ин масъалаҳо муроҷиат кардем, вале то ҳанӯз аз онҳо посухе нарасидааст», - афзуд Алимов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста