Пагоҳ, 3 майи соли 2012, дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Пойтахт» бо ташаббуси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Озодии баён: воқеият ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» доир мегардад.

Тавре аз намояндагии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани Миллии Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Медиа алянси Тоҷикистон, Анҷумани рӯзноманигорони форсизабони «Афрӯз», ташкилотҳои ҷамъиятии «Хома», ИНДЕМ, Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет, «Журналист», рӯзномаҳои «Озодагон»- у «Азия плюс» дастгирӣ ёфтааст.

Дар чор бахши ҳамойиш масоили вобаста ба декриминализатсияи тӯҳмату таҳқир ва лоиҳаи иловахо ба қонуни нави ҶТ «Дар бораи ВАО», тақдири ташкилотҳои ғайриҳукуматии электронӣ ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ, ахлоқ ҳамчун унсури асосии масъулияти ВАО-и озод ва маҳаллӣ, саҳми ТИК дар рушди ВАО-и мустақил баррасӣ мешаванд Сипас, дар ҷаласаи ниҳоии умумӣ натоиҷи музокираҳо ба маъраз гузошта шуда, тавсияҳои мушаххас оид ба беҳбудии вазъи озодии баён дар Тоҷикистон таҳия мегарданд.

Барои нашри матолиби танқидӣ ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақили «Азия плюс», «Фараж», «Озодагон», «Миллат», «Пайкон», таъқиб ва ҳабси журналистон Маҳмадюсуф Исмоилову Урунбой Усмонов барои фаъолияти касбӣ, то кунун ҳаллу фасл наёфтани масъалаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат созмонҳои журналистиро нигарон сохтааст. Ҳамчунин, аз мадди назар дур мондани тақдири ташкилотҳои мустақили телевизионӣ ва радиоӣ ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ, сол то сол ба гоҳнома табдил ёфтани нашрияҳои маҳаллӣ, масдуд сохтани дастрасии истифодабарандагон ба шабакаи интернет, аз ҷумла сомонаҳои интернетии хабарӣ боиси он мегардад, ки дастрасии мардум ба воситаҳои мустақил ва алтернативии ахбор душвортар мегардад.

Ба конфронс 80 нафар намояндагони ВАО, созмонњои журналистӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ даъват шудаанд.