Раиси шаҳри Душанбе барои кӯмаки якдафъаина ба иштиркчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард.
Ба иттилои сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов, барои пардохти кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 524 000 (панҷсаду бисту чор ҳазор) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 600 сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 400 ҷудо карда мешавад.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе, баҳри ободонии қабру пайкара ва лавҳаҳои ёдгории қурбониёну иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин таъмини тозагии Боғи мемориалии «Ғалаба», майдони «Ғалаба», хиёбону кӯчаҳо ва гулгаштҳои шаҳри Душанбе рӯзи 5 майи соли ҷорӣ ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида мешавад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин аз роҳбарони идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ҷойгирбуда даъват кард, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, кӯмаки моддӣ расонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста