Селфароиву боридани жола дар даҳаҳои аввал ва дуюми моҳи апрели соли равон дар маҷмуъ 2 ҳазору 383 гектар заминҳои кишти 6 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро хароб карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз раёсати минтақавии кишоварзӣ хабар дод, 1 ҳазору 233 га заминҳои кишти ғалладдона ва 868 га заминҳои кишти пунбадона пурра шуста шуда, ба хоҷагиҳо зарур аст, ки ҷиҳати гузаронидани кишти дубора чораҳо андешанд.
Бино ба иттилои манбаъ, аз офати табиӣ бештар ноҳияи Данғара хисорот бардошта, 965 га заминҳои кишти ин ноҳия осеб дидаанд. «Миёни хоҷагиҳо аз ҳама бештар ба хоҷагии ба номи Ҳамадонии ноҳияи Кӯлоб зарар расида, қариб дар 50% заминҳои кишт гузаронидани кишти дубора лозим меояд», - гуфт вай.
Номбурда ҳамчунин гуфт, кишти дубора низ хароҷоти маблағи зиёдеро тақозо мекунад ва аксари хоҷагиҳо имкони гузаронидани онро надоранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста