Фонди «Муҳоҷирати асри XXI»-и Русия лоиҳаи қонун дар бораи афви муҳоҷиронро мавриди таҳия қарор дорад ва он бояд ба ҳукумати кишвар пешниҳод гардад.
Интизор меравад, ки тибқи ин қонун, муҳоҷирони корӣ мавриди афв қарор мегиранд, аммо муаллифони он умедворӣ кардаанд, ки афроди муддати зиёд дар Русия иқоматдошта ва хоҳишманд метавонанд шаҳрванди Русия шаванд. Дар ин бора нашрияи «Российская газета» иттилоъ додааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон дар қаламрави кишвар тақрибан 5 млн. нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, вале коршиносони мустақил бо такя ба арқоми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз Русия, шумори муҳоҷирони ғайриқонуниро қариб 2 баробар бештар арзёбӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, мушкилоти мазкурро қисман афви муҳоҷирон, ки дар аксари кишварҳои дунё истифода шудааст, ҳал карда метавонад.
Мутобиқи ин барнома, муҳоҷире, ки ҳуҷҷатҳои муҳлаташ гузашта дораду вале ба дигар қонуншиканиҳо даст назадааст, метавонад ихтиёрӣ ба ҳукуматдорон «таслим» шуда, ё соҳиби шиносномаи шаҳрванди Русия гардад ва ё дигар санади расмиву қонунии будубош дар Русияро ба даст орад.
Ноиби президенти Фонди «Муҳоҷирати асри XXI» Наталия Власова ба нашрия гуфтааст, аз соли 1980 то соли 2005 дар саросари ҷаҳон беш аз 25 чунин иқдомот сурат гирифта, дар натиҷа 6 млн. нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба вазъи будубошӣ қонунӣ гузаштаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста