Ахири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар «Оид ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ доир гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти мазкур хабар доданд, дар мизи мудаввар Муовини Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Ҳ.С., Муовини якуми Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев А.М. ва масъулини як қатор вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳури иштирок намуда, ҷиҳати ба танзимдаровардани раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон, будубоши онҳо ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта инчунин, масоили дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин матраҳ гардиданд.
Нахуст ҷаласаро Консули Ҷумҳурии Мардумии Чин Дин Вей оғоз намуда, аз дастгирии мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ҳамкориҳои босамари дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой изҳори қаноатмандӣ намуд.
Мавсуф баён дошт, ки « Тоҷикистону Хитой бо ҳам робита ва ҳамкории пурсамар доранд, аз як дарьё об менушему кӯҳҳои умумӣ дорем ва бо ҳам сахт дар алоқаманд ҳастем.
Дар пешрафти иқтисодиёти кишвари Тоҷикистон нақши намояндагони самтҳои гуногуни фаъолияти мардуми Хитой назаррас аст. Мо аз меҳмоннавозӣ ва муносибати хуби мардуми тоҷик миннатдор ҳастем иброз дошт Консули Хитой».
Сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба таъсис ва фаъолияти Хадамот, вазифаҳои асосии ин ниҳод, дастовардҳо, танзим раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши муҳоҷирон, назорати муҳоҷирон ва паҳлӯҳои гуногуни муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромади пурмӯҳтаво намуд.
Дар нишасти мазкур соҳибкорону сармоягузорони чинӣ низ иштирок доштанд. Онҳо аз фаъолият, пешравиҳо ва дастоврдҳои худ сухан ронда, фикру андешаҳои хешро оид ба мушкилоти дар ин самт чой дошта, ичунин миннатдории хешро ба роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баён доштанд.
Дар рафти баргузории мизи мудаввар ба кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, саволҳои хешро пешкаш намуда, ҷавобҳои мушахасс гирифтанд.
Аксари саволҳо оид ба тамдиди раводид, гирифтани механизми он дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста