Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон толибилми тоҷик, хатмкунандаи литсейи туркии ба номи Хоҷа Камол ба медали тилои ба номи Менделеев мушарраф гардид.
Соли равон аз 23 то 30-юми май дар пойтахи Қазоқистон - шаҳри Остона Олимпиадаи байнулмилалии 46-уми ба номи Менделеев аз фанни кимиё баргузор шуда, дар он 112 нафар толибилмон аз 18 кишварҳои ИДМ, Назди Балтик ва Аврупо ширкат варзиданд. Бо қарори ҳакамон 11 нафар бо медали тило, 22 нафар бо медали нуқра ва 34 иштирокчӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Тоҷикистонро дар олипиада ҳафт нафар толибилмони литсей-интернатҳои муштараки тоҷикиву туркӣ ва гимназимяи ба номи Азизови шаҳри Исфара намояндагӣ карданд. Намояндагони Тоҷикистон аз олимпиада бо як медали тилои ба номи Менделеев, се медали биринҷӣ ва ду мукофоти «Слава» (Шараф) баргаштанд.
Толибилми синфи 11-уми литсей-интернати муштараки тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камоли шаҳри Душанбе Улуғбек Баротов ба медали тилои олимпиада сазовор дониста шуд. Хонандагони дигари ҳамин литсей Ҳамидҷон Холиқов, Беҳрӯз Носиров ва Маъруф Болтаев ҷойҳои сеюмро ишгол намуда, имкон пайдо карданд, ки бидуни имтиҳоноти дохилшавӣ ва ройгон дар Донишгоҳи давлатии ба номи М.Ломоносови шаҳри Маскав таҳсил кунанд.
Сомон Ҳакимов ва Ҳабибулло Саидов зинаҳои чорумро ишғол карда, бо ифтихорномаҳо сарафроз гардонида шуданд. Хонандаи гимназияи ба номи Азизов Таҳмина Шокирова низ бо ифтихорномаи олимпиада қадрдонӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста