Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи радио таҷлил мегардад.
Санаи 7-уми майи соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ карда, бо ҳамин ба рушди алоқаи бесим замина гузошт. Ин рӯзи бори аввал соли 1925 ҷашн гирифта шуда, аз соли 1945 ҳамсола таҷлил мегардад.
Нахустин истгоҳи пахши мавҷҳои радио дар қаламрави Тоҷикистон 10-уми апрели соли 1930 ба кор шуруъ кард. Он дар амвоҷи миёна кор карда, аз соати 7-и субҳ то 22-и шаб барнома пахш мекард. Соли 1930 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 20 дастгоҳи радио мавҷуд буд.
Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 18 шабакаи радиои давлативу хусусӣ, аз ҷумла «Азия-Плюс», «Ватан», «Тироз», «Садои Душанбе», AFM ғайра фаъолият доранд. Ба ифтихори Рӯзи радио дар барномаҳои имрӯзи шабакаҳои радио озмуну викторинаҳои гуногун, табрикот, суруду мусиқии дилнишини шунавандагон садо медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки радиои «Азия-Плюс» нахустин радиои мустақили шаҳри Душанбе ахири моҳи апрели соли равон ба пахши барномаҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуд. Акнун барномаҳои ин радио ба сокинони ҳам шаҳри Қӯрғотеппаву ҳам навоҳии гирду атрофи он, аз қабили Сарбанд, Вахш Румӣ ва Бохтар дастрас аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста