Намояндагони диаспораи тоҷики шаҳри Санкт-Петербург дар чорабиниҳои идона бахшида ба 67-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд.
Рӯзи 9-уми май бо ташаббуси Хазинаи кӯмак ба муҳоҷирони тоҷики Санкт-Петербург барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Любан (вилояти Ленинград, 75 километрии шаҳри Санкт-Петербург) зиёфат ташкил гардида, ба собиқадорону меҳмонони чорабинӣ палави тоҷикӣ пешкаш карда шуд.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Любан қабри Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, тоҷикписар Тӯйчӣ Эрйигитов ҷойгир аст.
Дар ҷамъомади тантанавӣ дар шаҳри Любан борҳо аз қаҳрамонии тоҷикписар ёдоварӣ гардид, ки бо тани худ амбразураи душманро пӯшонда, ба пешравии қисмаш ноил гардида буд.
Дар бораи қаҳрамонии Тӯйчӣ Эрйигитов сокинони шаҳри Любан аз насл ба насл хотира боқӣ мегузоранд. Як кӯча ва як мактаби шаҳр ба номи Эрйигитов номгузорӣ шудааст.
Намояндагони диаспораи тоҷикони Санкт-Петербург дар дигар чорабиниҳои идона низ ширкат варзиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста