Дар қаламрави назди муҷассамаи меъмории 2700-солагии Кӯлоб корҳои барқарор кардани девори қалъаи собиқи волии амири Бухоро оғоз гардид, ки аввали қарни бистум хароб гардида буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба барқарор ва рушди иншооти зербинои иҷтимоии минтақа Акрамҷон Акрамов хабар дод, ин ҷо танҳо як қисмати девор барқарор шуда, пурра барқарор кардани иншоот дар оянда дар назар аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар минтақа Марказ иншооти дигарро низ лоиҳакашӣ ва маблағгузорӣ мекунад. «Корҳои қисмати дуюми барқарор кардани девори атрофи қалъаи Ҳулбук оғоз гардида, ҳамчунин сохтмони мактаб барои 624 нафар хонанда дар шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи кӯдакона дар бемористони ноҳияи Кӯлоб барои 20 кат идома дорад», - гуфт вай ва илова кард, ки дар ин бемористон то соли 2014 шуъбаи табобати бемориҳои сироятӣ барои 10 нафар низ ба фаъолият оғоз карда, маркази гармидиҳии муасисаи тиббӣ пурра таъмир ва ба кор дароварда хоҳад шуд.
Номбурда зикр кард, ки солҳои наздик сохтмони боз як манзили 9-ошёна дар шаҳри Кӯлоб ва мактаби таҳсилоти умумӣӣ барои шаҳракҳои нав ба нақша гирифта шудааст.
«Мақомоти шаҳрдорӣ барои сохтмони ин иншоот қитъаи замин ҷудо кард, лоиҳаҳои иншоот низ таҳия шудааст, танҳо оғози маблағгузорӣ зарур аст», - афзуд А.Акрамов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста