Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб раиси Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон Файзулло Раҷабов ҳамоиши бинокорони минтақаро доир намуд.
Яке аз иштирокчиёни ҳамоиш, раиси трести «Кӯлобдеҳотсохтмон» Бобоҷон Пираков дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки имрӯз соҳаи сохтмони минтақаро давраи мушкиле домангир буда, барои бунёди иншоот маблағи кофӣ ҷудо намегардад.
«Низоми андозситонӣ ба беҳбудӣ ниёз дошта, арзиши масолеҳи сохтмон рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва бинобар сабаби моҳҳо бекор мондан, бинокорони соҳибкасб муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр мекунанд», - гуфт ӯ.
Номбурда мегӯяд, маблағҳо барои сохтмон тибқи назардошти нархҳои давлатӣ ҷудо мешаванд, вале масолеҳ бо нархи бозорӣ дастрас мегардад, ки ин ҳолат ба саривақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмони мушкилоти зиёд эҷод мекунад.
«Дар ҳамоиш масоиле, ки онро бинокорон мустақилона ҳал карда метавонанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд», - афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, зикр гардид, ки тайи 15 соли ахир танҳо дар шаҳри Кӯлоб шумори корхонаҳои сохтмонӣ 11 адад зиёд шудааст.
Ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи амволи давлатӣ ҳамоиши соҳибкорон созмон дода шуд. Дар он ба ҷуз баррасии масоили рӯзмарра, ба таҳияи пешниҳодоти муфид ба қонуни нав дар бораи соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста