Вазъи имконпазири сар задани бемориҳои сироятӣ дар макони офатзадаи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, ки ноҳияҳои Кӯлоб, Мӯъминобод ва Шӯроободро фаро мегирад, пурра таҳти назорати Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ қарор дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзоалӣ Миралиев хабар дод, чанде қабл аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба аҳолии аз офат осебдида ба миқдори кофӣ доруворӣ ва лавозимоти санитариву гигиенӣ фиристода шудааст.
Ба қавли вай, дар ин рӯзҳои пурташвиш захираҳои дорувории аксари муассисаҳои тиббӣ ба охир расида буданд. «Садҳо оилаҳое, ки манзили зисташон хароб шудаасту дар он зиндагӣ ғайриимкон аст, ба таври умумӣ ва дастаҷамъона дар хонаҳои хешовандону дӯстон зиндагӣ доранд ва маҳз дар ҳамин ҷойҳои ҷамъшавии аҳолии зиёд мо вазъи имконпазири сар задани бемориҳои сироятиро назорат мекунем», - гуфт ӯ ва афзуд, ки то санаи 15-уми май дар минтақаи офатзада ягон ҳолат гирифторӣ ба бемории сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли равон бар асари боришоти шадид ва селфаройӣ ҳудуди 400 манзили зист дар минтақаи Кӯлоб қисман ё пурра хароб гардида, даҳҳо оила бесарпаноҳ монданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста