Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон ба бунгоҳи тиббии деҳаи наздимарзии Шоҳони ноҳияи Шӯрообод аз номи президент автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим гардид.
Раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов дар ҷамъи рӯзноманигорон гуфт, рӯзи 31-уми октябри соли 2011 шоҳзода Карим Оғохони IV ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пуршукӯҳи ҳусни оғоз бахшидан ба сохтмони пули нав тавассути рӯдхонаи Панҷ миёни рустоҳои Шоҳон (Тоҷикистон) ва Хоҳон (Афғонистон) ширкат варзида, он замон сарвари давлати Тоҷикистон ваъда дода буд, ки барои хизматгузории тиббии аҳолии ин деҳаҳои наздимарзӣ автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ, барои иштирок дар маросими супурдани автомашина ба бунгоҳи тиббӣ як ҳайати бонуфузи улусволии Хоҳони Афғонистон ба деҳаи Шоҳон ташриф оварданд.
«Сохтмони пул ҳанӯз ба анҷом нарасида, он моҳи октябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад, вале феълан интиқоли мошини «ёрии таъҷилӣ» ба он сӯи марз ҳеҷ мушкилоте надорад, зеро гузаргоҳи пешина то ҳол амал мекунад», - зикр кард ӯ.
Номбурда афзуд, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пул дар ин мавзеъ минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд ёфта, аҳолии ҳарду ҷонибро ба афзоиши истеҳсоли зироатҳои гуногун ва эҳёи касби ҳунармандӣ ҳавасманд месозад.
Айни замон дар ду деҳаи Шоҳони Поён ва Шоҳони Боло дар 53 оила 369 нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ҷамоати Даштиҷум, ки деҳаҳо ба қаламрави он шомиланд, феълан 5ҳазору 772 нафар сокинон иқомат доранд.
Ёдрас мекунем, ки бо иштироки Бунёди Оғохон моҳи августи соли 2011 дар ноҳияи Ванҷ тавассути рӯдхонаи Панҷ низ як пули нав боз гардида буд. Лоиҳа мутобиқи созишномаи сеҷониба миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Бунёди Оғохон оид ба рушд амалӣ гардида буд. Дарозии пул 216 метр буда, ҳаҷми борбардориаш 30 тоннаро ташкил медиҳад. Барои сохтмони ин пул беш аз 3 млн. доллари ИМА масраф гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста