Дар Кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳ - нахустин «Анҷумани дружиначиёни ихтиёрӣ» доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар анҷуман Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки инак беш ду даҳсола мешавад, ки тоҷикон шаҳди озодиву истиқлолро бо маънии томаш мечашанд ва дар рўҳияи созандагиву бунёдкорӣ умр ба сар мебаранд.
«Имрӯзҳо тибқи «Дастурамал оиди вазифаҳои функсионалии сардорони ситодҳо, камандирони дружинаҳои ихтиёрӣ ва назорати кору фаъолияти дружинаҳои ихтиёрӣ» дружиначиёни ихтиёрӣ аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ихтиёрӣ бо сафи кормандони милитсия истода, ба онҳо ҳамаҷониба дар ошкору пешгирии ҷиноят ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд», - гуфт ӯ.
Ба қавли вазир, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 22 ҳазор држиначиёни ихтиёрӣ фаъолият доранд, вале танҳо 800 нафари онҳо ба хизмати ҳарбӣ мераванд, ки 4% аз шумори умумии дружиначиёнро ташкил медиҳад.
Рамазон Раҳимов муътақид аст, ки ҷалби дружиначиёни ихтиёрӣ ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, ки ахиран дар ҳоли афзоиш аст, кӯмак мерасонад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар зарфи 4 моҳи соли равон 1209 ҷинояти аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо шумули донишҷӯён содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 12 ҷиноят ба куштор, 86 ҷиноят ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, 28 ҷиноят ба дуздӣ, 5 ҳодиса ба ғоратгарӣ ва 38 ҷиноят ба авбошӣ марбут аст. Аз оғози сол нисбат ба 1 ҳазору 249 нафар ҷавонон 1 ҳазору 136 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста