Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб оид ба баргузории озмун дар мавриди тозагии кӯчаву маҳалла, хиёбону боғҳои истироҳат ва қаламрави мансуб ба муассисаҳо озмун эълон кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Зулайхо Комилова хабар дод, комиссияи махсус аз ҷараёни озмун тибқи як қатор нишондиҳандаҳо – аз тозагии кӯчаву хиёбон ва мавзеҳои атрофи биноҳои истиқоматӣ то муносибати бошандагони он ба ҳамсоягон аз қишри камбизоати аҳолӣ ва маъюбону собиқадорон натиҷагирӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ, ба ғолибони озмун дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 36 ҳазор сомонӣ ҷоизаву мукофотҳо пешбинӣ шудаанд. «Ҳадафи аслии ин чорабинӣ ҷалби ҳарчи бештари сокинони шаҳру навоҳӣ ба тозаву озода нигоҳ доштани макони истиқомат ва саҳм гузоштан дар ободонии кишвар аст», - иброз дошт З.Комилова ва афзуд, ки натиҷаҳои озмун дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 20-умин солгарди иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷамъбаст мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста