Шоир ва олими тоҷик, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктори улуми филологӣ Мирзоҳасан Султонов (Ҳасани Султон) ба узвияти ҳақиқии Академияи илмҳои табиии Русия пазируфта шуд.
Унвони илмӣ ба Мирзоҳасан Султонов аз ҷониби Президенти Академияи илмҳои табиии Русия Михаил Ледванов дар ҷараёни иҷлосияи баҳории Академия дар чаҳорчӯби баргузории Конфронси XIII-уми байнулмилалӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими илм ва маориф» дар Маскав супурда шуд.
Олими тоҷик М.Султонов дар ҷараёни кори конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Ташаккули истилоҳоти тиббии форсӣ-тоҷикӣ» маърӯза кард.
Қабул ба узвияти ҳақиқии Академия бо қарори Иҷлосияи Академия тавассути овоздиҳии пинҳонӣ ва аксарияти одии овозҳои иштирокчиёни Иҷлосияи Академия сурат мегирад.
М.Султонов якумин олими тоҷик аст, ки ба унвони Академики Академияи илмҳои табиии Русия мушарраф гардид. Миёни олимони тоҷик доктори илмҳои физикаву математика, академики Академияи улуми ҶТ Зафар Усмонов узви вобастаи Академияи илмҳои табиии Русия аст.
Қобили зикр аст, ки ба ҷуз диплом, ба М.Султонов ҳамчунин нишони сарисинагии «Академики Академияи илмҳои табии Русия» ва медали тилои ба номи В.И.Вернадский низ тақдим карда шуд. Тарҷумаи ҳол ва корҳои илмии олими тоҷик М.Султонов ба энсиклопедияи «Олимони Русия» дохил карда шудааст.
Мирзоҳасан Султонов диссертатсияи докториашро дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ (дар асоси маводи мероси илмии қарнҳои IX-XI)» ҳифз кардааст. Ӯ муаллифи 6 китоби илмӣ ва 4 маҷмӯаи шеърҳо буда, узви як қатор иттифоқу созмонҳо, аз ҷумла Комиссияи имлои забони тоҷикии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста