Оилаи рӯҳониёни маъруфи кишвар Тӯраҷонзодаҳо аз болои ҳукмномаи суди шаҳри Ваҳдат оид ба манъи фаъолияти он ҳамчун масҷиди ҷомеи намози ҷумъа тибқи даъвои Кумитаи умури дин ба зинаи болоӣ шикоят бурданист.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофиаи оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба islamnews.tj хабар додааст, ки дар нусхаи ҳукмномаи аз суд дастрасшуда сари пурра баста шудани масҷид сухан меравад, ҳарчанд нахуст дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти он ҳамчун масҷиди ҷомеи намози панҷгона даъво пеш оварда шуда буд.
Судяи шаҳри Ваҳдат изҳор кардааст, ки ӯ танҳо оид ба маҳдуд кардани фаъолияти масҷид ҳукм содир намудааст ва дар сурати идома ёфтани намозҳои панҷгона дар масҷид, он ба ҳукми суд мухолифат нахоҳад кард.
«Ба ҳар ҳол, шарҳу тавзеҳи қарори суд дигаргунатар аст. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ба Суди олӣ муроҷиат кунем, зеро дар сурати дар масҷид идома ёфтани намозҳои панҷгона, оилаи Тӯраҷонзодаҳоро ба риоя накардани ҳукмномаи суд метавонанд муттаҳам созанд», - гуфт Ёров.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки «мо ба намозгузорӣ дар масҷид идома медиҳем. Бигзор моро ба маҳкама бикашанд, вале мо ба ибодат дар ин ҷо хотима намебахшем».
Вакили мудофеъ афзуд, «агар Суди олӣ манъ шудани намози панҷгона дар масҷиди «Муҳаммадия»-ро тасдиқ намояд, мо ба судҳои байнулмилалӣ муроҷиат карданием».
Баҳси ҳукуматдорону оилаи Тӯраҷонзодаҳо оид ба шарҳу тавзеҳи баъзе масоили динӣ аз моҳи декабри соли гузашта идома дорад. Он замон Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ бародарон Тӯраҷонзодаҳоро дар баргузории маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа дар масҷиди «Муҳаммадия» ва ҷонибдорони ин мазҳаб муттаҳам дониста буд. Кӯшишҳои бародарон дар мавриди маънидоди нодуруст будани ин хулосаи кумита бенатиҷа анҷом ёфтанд. Сипас Кумитаи дин аз суд талаб кард, ки фаъолияти масҷиди бародарон Тӯраҷонзодаҳо маҳдуд карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста