Дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Рӯзи байнулмилалии кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн дар саросари дунё таҷлил мегардад, омодагӣ мегиранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, ба ин муносибат дар Боғи фароғатӣ-истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Кӯдакон -сарвати бебаҳоянд» чорабинии идона баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи тобистони соли равон аз миқёси вилоят 106,9 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба чорабиниҳои солимгардонӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
«Ҳоло дар 13 мактаб-интернат, аз ҷумла, дар 4 мактаб-интернат барои бачагон бо иллатҳои ҷисмонӣ ва ақлӣ, 3 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат, 5 интернати наздимактабӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат ва дар хонаи бачагон 1254 нафар кӯдакон бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои таълиму тарбия ва муолиҷаи онҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд», - изҳор карданд дар хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Зикр гардид, ки айни замон дар 56 литсею гимназия 25,6 ҳазор нафар хонандагони болаёқат таҳсил менамоянд ва дар 200 кӯдакистони вилоят 27,8 ҳазор нафар кӯдакон таълим мегиранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста