Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди СММ мизи мудаввар доир ба муҳокимаи «Дастури методӣ оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодиятҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воломақоми ташкилотҳои кӯмакрасон ва шарикони рушд ширкат варзиданд.
Ҳадаф аз гузаронидани мизи мудаввар, ин ба инобат гирифтани фикру андешаҳо, пешниҳод ва хулосаҳои тарафҳои манфиатдор ҷиҳати мукаммал намудани Дастури методӣ мебошад. Қабули чунин дастур имконият медиҳад, ки низоми идоракунии сатҳи маҳал беҳтар гардида, раванди банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ мукаммал карда шавад.. Дастури методии муҳокимашаванда барои мутахассисони мақомоти сатҳи маҳаллӣ, ҷиҳати роҳандозӣ намудани банақшагирӣ ва буҷетикунонии раванди рушд дар маҳал, ҳамчун роҳнамои ягона кӯмак мерасонад. Тибқи натиҷагириҳои чорабинии мазкур, дастурамали номбурда такмил ёфта, барои тасдиқ ба Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар доираи мизи мудаввар масъалаи раванди ҷории банақшагирӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва нақшаҳои оянда муҳокима гардиданд. Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БР СММ ҳамкориҳои муштараки худро оид ба дастгирии банақшагирии рушд якчанд сол қабл аз ин (аз соли 2005) шурӯъ намуда буданд, ки он фаъолиятро оид ба муколамаи бахшҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳравандӣ ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани иқтидор, арзёбӣ ва татбиқи нақша ва барномаҳои маҳаллии рушдро фаро мегирифт.
Дар ин раванд зиёда аз 32 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 65 мақомоти худидораи шаҳраку деҳот фаъолона иштирок варзиданд. Мувофиқи натиҷагириҳо ва дар асоси иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандию бахши хусусӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд модели ягонаи банақшагирии рушди маҳаллӣ ҳамчун дастурамал таҳия гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста